Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон таҳти унвони «Барқарорсозии эътимод дар шароити ҷаҳони пароканда: Қафқози Ҷанубӣ ҳамчун такягоҳи ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва суботи сармоягузорӣ» баргузор гардид. Дар кори форум аз Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок намуд.
Дар форум намояндаи Тоҷикистон имконоти сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Инчунин оид ба иқдомҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили фазои сармоягузорӣ маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтор, тавсеаи дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, омода ва татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии мамлакат ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина таваҷҷуҳи иштирокчиёни форум ба имконоти мавҷуда барои ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ҷалб карда шуд.